Сары-кол (Восточный Памир)

Кайсы жерден болосуң деп сураба, кандай элден экенимди сынаба, мен жөн эле жашап келем кыргызмын деп...

КТРК онлайн ТВ МУЗ ТВ KG онлайн Биринчи радиоКыргыз радиосу

ОШ ТВ онлайн ЭлТР онлайн ТВ Марал радиосуСанжыра радиосу

ОШ ПИРИМ онлайн Ынтымак ТВ онлайн Мин Кыял радиосу Кыргызстан обондору

Бишкек  онлайн ЭЛ ФМ радиосу Сары-кол радиосу

Памир (видео)

Тантанаи Рузи байналмилалии Оила

  • Среда, 28 Июня 2017
  • Автор 
  • 434

Тули 24 сол мешавад, ки дар саросари кишвари азизамон «Рузи байналмилалии Оила» бо як шукуху шахомати хосса тачлил мегардад. Яъне, соли 1993 бо карори Ассамблияи Генералии Созмони Миллали Муттахид «Рузи байналмилалии Оила» расман тасдик карда шудааст.

 

Бахшида ба Рузи байналмилалии оила саннаи 15-уми майи соли равон дар кахвахонаи «Сиймик»-и нохияи Мургоб бо иштироки оилахои намунавии халку бародари ду миллат, яъне точику киргиз чорабинии идона баргузор гардид.

 

Дар огоз муовини Раиси нохия Х. Рачабова иштирокчиёни чорабинии мазкурро бо суханони самими табрику шодбош намуда, кайд намуд, ки ободию маърифат ва фархангу ахлоки хар давлат пеш аз хама аз ободию дониш ва маданияти мардуми он ва пеш аз хама аз оила сарчашма мегирад. Чамъият аз оила иборат аст ва оилаи солим чомеаи солимро ташкил медихад. Чомеа бе оила вучуд дошта наметавонад, чунки оила пойдевори чамъият ба шумор меравад.

 

Дар рафти чорабини оилахои собикадор ба оилахои чавони навбунёд оид ба оилаву оиладори аз рузгори худ маслихатхои муфид дода, иброз доштанд, ки дар раванди оиладори аввалан бояд якдигарфахми, хурмату эхтироми тарафайн ва сабру токатро бояд пеша намуд ва албатта ба муваффакиятхои комил муваффак хохед шуд.

 

Сипас, ахли санъати хонаи фарханги нохия дар якчояги бо оилахои даъватшуда бо барномаи консертии тахиякардаи худ хотири хамагонро шод намуданд.

 

Дар охир, аз номи Раиси нохияи Мургоб ба оилахои номбурда тухфахои хотирави такдим карда шуд ва аз тарафи бахши кор бо занон ва оилаи нохия барои ахли нишаст дастархони идона ороста шуд.

 

Курбонбекова Ш. корманди бахши кор
бо занон ва оилаи назди МИМХД-и нохияи Мургоб.

«САРЫКОЛ» пресс

www.sary-kol.ru

scroll back to top

Дополнительная информация

Сейчас 177 гостей онлайн

Сары-кол 2017