ТАҶЛИЛИ: Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” дар ноҳияи Мурғоб

ТАҶЛИЛИ: Фестивал - озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” дар ноҳияи Мурғоб

Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оид ба иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 ноябри соли 2018, №АП-1127 “Дар бораи баргузор намудани озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” дар соли 2019 роҳандозӣ гардидааст.

 

Дар ин радиф, бо мақсади баргузории озмуни мазкур дар сатҳи ноҳиявӣ ва дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ саннаи 10 уми апрели соли 2019 дар бинои Ҷамоати ноҳия бо иштироки намо- яндагони 6 Ҷамоату деҳот, аз ҷумла Ҷамоати Мурғоб, Ҷамоати Ғ. Бердибаев, Ҷамоати Аличур, Ҷамоати Қизилработ ва деҳаи Чечектӣ баргузор гардид.

 

Бо мақсади баланд бардоштани самаранокии кори фестивали мазкур дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Комиссияи озмун дар ҳайати Раиси Комиссия – муовини раиси ноҳияи Мурғоб Раҷабова Ҳ.Ҳ., мудири бахши фарҳанг, котиби Комиссия – мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, аъзоёни Комиссия сардори Раёсати молия, мудири шуъбаи маориф, мудири бахши меҳнат ва шуғли аҳолӣ, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, мудири бахши кор бо занон ва оила, сармуҳаррири рӯзномаи “Сарикол”, директори мактаби мусиқии Ҷамоати Мурғоб ва директори мактаби мусиқии санъати Ҷамоати Рангкул таъсис дода шуданд.

 

Иштирокчиёни озмун аз рӯи та- лаботи номинатсияи сарояндаи эстрадӣ, талаботи номинатсияи сарояндаи анъанавӣ, талаботи но- минатсияи ровӣ, талаботи номи- натсияи навозанда ва талаботи номинатсияи шоир баромад наму- данд.

 

Натиҷаи озмун нишон дод, ки иштирокчиёни Ҷамоати Мурғоб аз рӯи шартҳои дар низомнома дарҷгардида аз рӯи жанри сарояндаи эстрадӣ, жанри сарояндаи анъанавӣ, жанри ровӣ, жанри навозанда ва жанри шоир аз худ маҳорати баланди касбӣ нишон дода, аз тарафи ҳайати аъзои ҳакамон сазовори ҷойи аввал дониста шуда ба даври вилоятӣ, ки моҳи апрели соли равон дар шаҳри Хоруғ баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд. Дар ҷойи дуюм Ҷамоати Қизилработ ва дар ҷойи сеюм Ҷамоати Ғ. Бердибаев сазовор гардиданд.

 

Барои ҳавасмандғардонии ғолибони озмуни ноҳиявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», ки сазовори ҷойи аввал ғардиданд, дар асоси қарори Раиси ноҳия аз 24 январи соли 2019, №21 ҷоизаҳо ба маблағи пулй чунин муқаррар ғардидаанд:

 

1.Номинатсияи навозанда – Қадамалиев Хуршед ба маблағи 300 сомонй;

2.Номинатсияи сарояндаи анъанавй - Темуров Тоир ба маблағи 300 сомонй;

3.Номинатсияи сарояндаи эстрадй - Қаниев Сураҷ ба маблағи 300 сомонй;

4.Номинатсияи ровй - Бекмамадова Манижа ба маблағи 300 сомонй;

5.Номинатсияи шоир – Қодиров Баҳром ба маблағи 300 сомонй

 

Барои ҳавасмандғардонии ғолибон, ки сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм ғардиданд, ҷоизаҳо ба маблағи пулй чунин муқаррар ғардиданд:

 

1.Номинатсияи навозанда – Ахматбеков А. Ҷамоати Қизилработ ҷойи дуюм ба маблағи 200 сомонй;

2.Номинатсияи навозанда – Ахматбеков А. Ҷамоати Ғ. Бердибаев ҷойи сеюм ба маблағи 100 сомонй;

3.Номинатсияи сароянда – Асилбек уулу Ибрағим Ҷамоати Мурғоб ҷойи дуюм ба маблағи 200 сомонй;

4.Номинатсияи сароянда – Парвизи Ширин Ҷамоати Али¬чур ҷойи сеюм ба маблағи 100 сомонй;

5.Номинатсияи ровй - Нуриддинова Шукуфа Ҷамоати Қизилработ ҷойи дуюм ба маблағи 200 сомонй;

6.Номинатсияи ровй - Ҷумабай қизи Ғулдар Ҷамоати Ғ. Бердибаев ҷойи сеюм ба маблағи 100 сомонй;

7.Номинатсияи шоир – Миракаев Н. Ҷамоати Аличур ҷойи дуюм ба маблағи 200 сомонй;

8.Номинатсияи шоир – Аматов М. Ҷамоати Қизилработ ҷойи сеюм ба маблағи 100 сомонй.

 

Ҷоизаҳои пулй ва Ифтихорномаҳо аз номи Раиси ноҳия барои ғолибони озмуни мазкур дар ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллй қадрдонй меғарданд.