Мизробов Максим Фақирмамадович

Мизробов Максим Фақирмамадович

Падари азизам ва бо ҷону дил баробарам. Шуморо ба муносибати 60 -умин сол­гарди баҳори умратон аз самими калб табрик ва муборакбод намуда, пеш аз ҳама барои Шумо саломатӣ, умри дароз, бахти нек ва тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно дорам. Бигузор ҳамавақт саодатманду пирӯз бошед!

 

Нидо аз осмон омад «Падар розӣ- Худо розӣ»,

Ба гӯши ҷисму ҷон омад; «Падар розӣ-Худо розӣ»

Чу панди носеҳон омад; «Падар розӣ,Худо розӣ»

Чу ҳукме бар ҷаҳон омад; «Падар розӣ,Худо розӣ»

Нидоъ ба ҳар ҷавон омад; «Падар розӣ,Худо розӣ»

Падар ин кист , мепурсӣ ту аз ман,гар намедонӣ

Падар ин ҳаст бар ҳар хонадон сарвар ,намедонӣ

Падар аз кӯлли сарварҳо бувад бартар, намедонӣ

Ба ҳар ҳарфе,ки м ан гӯям,бикун бовар, намедонӣ

Дубора ин баён омад; «Падар розӣ,Худо розӣ»

Тавони ҷисм афзӯдиву зӯри ақл афзун кун

Ба дил ҷо кун муҳаббат,кинаро аз сина берун кун

Ҷавонмарди ҳақиқӣ шав,падар мегуядат чун кун

Ту худ шаъни падар бардор,агар меросхӯр бошӣ,

Дами пири зи дасташ гир,агар арзанда пур бошӣ

Тӯӣ фарзанди шоёнаш,агар аз меҳр дур бошӣ

Ба чашми дил аён омад, «Падар розӣ,Худо розӣ»

Ту ҷисман пуртавон мебош,ақлан пур низ пурмаъно

Вале назди падар сархам бимон,гарчи туӣ гуё,

Ту аз хуни падар ҳастӣ,шудастӣ аз камар пайдо,

Ту бар ҷои падар биншин,падарро бин зи худ боло.

Сухан аз роздон омад; «Падар розӣ,Худо розӣ»,

Давоми умри бобоён падар буду падар монад.

Шиори ҳастии моён падар буду падар монад,

Ба тахти бахти мо шоён падар буду падар монад.

Ба гӯши чон расад илҳон,падар буду падар монад,

Чунон то ҷовидон омад; «Падар розӣ,Худо розӣ»

 

Бо таманнои самимӣ, духтаратон Гулбегим!


 

«САРЫКОЛ» пресс

www.sary-kol.ru