Гулнамо-ҳунарманди чирадасте аз Мурғоб (аксҳо)

Гулнамо-ҳунарманди чирадасте аз Мурғоб (аксҳо)

Мурғоб-яке аз баландкӯҳтарин ва дурдасттарин ноҳияҳои Тоҷикистон мебошад. Ноҳияи Мурғоб 27 октябри соли соли 1932 таъсис ёфта, ҳоло ҷамоати шаҳраки Мурғоб, ҷамоатҳои Аличор, Қаракул, Рангкул, Қизилработ ва Ҷамоати ба номи Ғ. Бердибаевро дарбар мегирад. Аҳолии ноҳия зиёда аз 15 000 нафарро ташкил медиҳад. Дар Мурғоб тоҷикон, қирғизҳо, ўзбекҳо ва намояндагони миллатҳои дигар сукунат доранд. Ноҳияи Мурғоб ягона ноҳия дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад , ки дар он намояндагони ду миллат — тоҷикон ва қирғизон дӯстона умр ба сар мебаранд.

 

Ҳунарҳои мардумӣ дар ноҳия хеле зиёд аст ва бояд маври омӯзиш ва тарғибу ташвиққарор гиранд. Зеро ҳунарҳои мардумӣ муаррифгари миллат дар байни миллатҳои дигар мебошанд. Қабул гардидани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ барои тарғиби дастовардҳои ҳунармандони асил такони ҷиддӣ бахшид. Зеро барои онҳо шароити мусоид фароҳам омад, ки ҳунари хешро бештар инкишоф диҳанд. Аксари занони ноҳия машғули бофандагӣ, мӯҳрабофӣ, тоқидӯзӣ ва амсоли онҳоянд. Ба ғайр аз ин, 5- корхонаҳои хурди бофандагӣ низ ба таври самаранок ба фаъолият доранд.

 

gulnamo-unarmandi-chiradaste-az-mur-ob 2 gulnamo-unarmandi-chiradaste-az-mur-ob 3

 

Яке аз чунин занони чирадасти ноҳия Носиршоева Гулнамо мебошад. Бо гуфтаи Гулнамо Носиршоева, бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи бозор, маҳсулоти ӯ дар чорабиниҳои ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳурӣ ба намоиш гузошта мешавад. Инчунин, Гулнамо ҳунари хешро ба ҷавонони дигар меомӯзад ва аз онҳо ҳунармандони хушсалиқа омода менамояд. Бояд гуфт, ки Носиршоева Гулнамо тавонист беҳтарин намунаҳои ҳунари халқиро ҳифз намояд. Бо ин кор ӯ бори дигар собит намуд, ки ҳунарҳои мардумии ин минтақа беназиранд.

 

Худи Гулнамо мегӯяд, ки аз сабаби дар соли 2020 ҷаҳонро фаро гирифтани бемории коронавирус, савдои маҳсулоти ӯ як баробар поён рафт. Аммо ширкат дар чорабиниҳои гуногун имкон медаҳад, ки ӯ маҳсулоташро ба намоиш гузошта, як миқдор фоида ҳам ба даст орад.

 

Гулнамо умед дорад, ки бемории сироятии коронавирус ба зудӣ аз байн меравад, боз сайёҳон вориди мамлакат мегарданд. Ва сокинони Мурғоб метавонанд бо ҳунарҳои мардумии худ ризқу рӯзияшонро пайдо намоянд.