БОЗДОШТИ СОКИНИ МУРҒОБ БАРОИ ШИКОРИ ЯК ГӮСФАНДИ НОДИР (video)

БОЗДОШТИ СОКИНИ МУРҒОБ БАРОИ ШИКОРИ ЯК ГӮСФАНДИ НОДИР (video)

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, як марди 33-сола аз ноҳияи Мурғоби Бадахшонро барои шикори ҳайвоноти нодир боздошт кардаанд. Аз ин мард ҳангоми кофтукоб 6 кило гӯшти гӯсфанди кӯҳии Марко Поло ёфт ва мусодира шудааст.

 

Бино ба гузориши вазорати корҳои дохила, сокини 33-солаи ноҳияи Мурғоби вилояти муxтори Кӯҳистони Бадахшон ба шикори ғайриқонунии ҳайвоноти нодир айбдор мешавад. Дар гузориши вазорати дохила гуфта мешавад: "Дар вақти кофтукови шахсӣ аз гумонбаршуда 6 килограмм гушти ҳайвони нодир - гусфанди кӯҳӣ дарёфт ва мусодира карда шуд. Мувофиқи маълумотномаи шуъбаи ҳифзи муҳити зист гушти мусодирашуда ба гушти гӯсфанди кӯҳии "Марко Поло” мансуб буда, зарари расонидашуда 160 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

 

Архари кӯҳӣ, ё гӯсфанди кӯҳӣ, ки ба шарафи сайёҳи машҳури итолиёӣ гӯсфанди Марко Поло ном гирифтааст, як навъи ҳайвони нодирест, ки дар кӯҳҳои Осиёи Марказӣ, Муғулистон ва ҷануби Сибири Русия ба сар мебарад. Гӯсфанди Марко Поло аз ҳайвоноти дар садади нестшавӣ ба шумор рафта, ба ин далел ба Китоби Сурх шомил карда шуда, шикораш манъ шудааст.

 

Барои шикори як теъдоди муайяни ин навъи гӯсфанди кӯҳӣ мақомоти ҳифзи табиати кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳар сол квотаи махсус ҷудо мекунанд ва ҳар довталаби шикори гӯсфанди Марко Поло бояд барои шикори он иҷозатномаи махсус бигирад.

 

Ба далели гаронии нархаш асосан шикорчиёни хориҷӣ барои иҷозатномаи шикори гӯсфанди Марко Поло муроҷиат мекунанд.

 

Нархи иҷозатнома ё литсензияи шикори гӯсфанди Марко Поло дар Қирғизистон 450 ҳазор сом, ё тақрибан 6 ҳазор долларро ташкил медиҳад. Ин кишвар солона ба шикори то 70 гӯсфанди Марко Поло иҷозат медиҳад.

 

Квотаи шикори ин ҳайвони нодир дар Тоҷикистон 80 сар дар сол буда, нархи иҷозатномааш аз 10 то 12 ҳазор доллар гуфта мешавад.

 

Муғулистон дар сол ба шикори 15-20 сар гӯсфанди Марко Поло иҷозат медиҳад ва нархи иҷозатномаи шикори онро аз 10 то 20 ҳазор доллар муқаррар кардааст.

 

Ба сурати умум, сафар барои шикори гӯсфанди Марко Поло ба як шикорчии хориҷӣ ба Қирғизистон 15-20 ҳазор доллар, ба Тоҷикистон 25-35 ҳазор доллар ва ба Муғулистон аз 30 то 60 ҳазор доллар тамом мешавад.